16 октябри соли 2019 дар Нур-Султон дар ҳошияи Форуми 12-уми ҳамкории Ҷумҳурии Корея бо кишварҳои Осиёи Марказӣ мулоқоти Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Корея Канг Кюнг-ва баргузор гардид.
Ҷонибҳо масъалаҳои рушди муносибатҳои дуҷонибаро мавриди баррасӣ қарор дода, рағбати мутақобиларо ҷиҳати тақвият бахшидани ҳамкориҳои судманди Тоҷикистону Корея дар соҳаҳои мухталиф изҳор намуданд. Ҳамчунин масъалаҳои тавсеа ва таҳкими заминаҳои шартномавию ҳуқуқии муносибатҳои дуҷониба муҳокима шуданд.