Тибқи мувофиқаҳои бадастомада дар доираи вохӯрии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жеенбеков 11 октбяри соли 2019 дар шаҳри Ашқобод, 16 октябри соли 2019 дар шаҳри Ботканди Ҷумҳурии Қирғизистон вохӯрии кории муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим бо муовини Сарвазири Ҷумҳуриии Қирғизистон Разақов Жениш, инчунин вохӯрии навбатии гурӯҳҳои топографӣ ва ҳуқуқии ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи Сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон баргузор гардид.
Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба фаъолгардонии раванди кашидани хатти сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон дар қитъаҳои боқимонда мубодилаи афкор намуданд.
Бо мақсади расидан ба натиҷаҳои назаррас оид ба ҳалли зудтари масъалаҳои делимитатсия ва демаркатсияи Сарҳади давлатӣ гурӯҳи доимоамалкунанда фаъол карда мешавад.
Ҷонибҳо моиланд фаъолона ва самарабахш кор кунанд. Роҳбарони ҳайатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон барои анҷом додани корҳо дар доираи гурӯҳи доимоамалкунандаи коршиносон оид ба масъалаҳои топографӣ ва ҳуқуқӣ, ки ба кори худ дар минтақаҳои наздисарҳадии ду кишвар шурӯъ намуданд, супоришҳои дақиқ доданд.