18 октябри соли 2019 ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Муовини якуми Сарвазири кишвар Давлаталӣ Саид дар шаҳри Наннини Ноҳияи мухтори Гуансӣ-Ҷуани Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҳафтумин Форуми ҳамкориҳои Чин-Осиёи Марказӣ иштирок намуд.
Дар суханронии худ Давлаталӣ Саид қайд кард, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Чин на танҳо бо сарҳадди муштарак, балки бо анъанаҳои қадими фарҳангӣ ва тиҷоратӣ, ки аз замони Роҳи абрешими бузург сарчашма мегиранд, бо ҳам пайванданд. Ҳамчунин зарурати бо талошҳои муштарак такмил ва таъсис додани абзорҳои нави ҳамкорӣ, татбиқ намудани лоиҳаҳои бузурги стратегӣ ва рушди ҳамкориҳо дар соҳаҳои навоварӣ таъкид гардид.
Дар баробари иштироккунандагони анъанавии Форум дар ҷаласа ҳамчунин Дабири кулли Созмони ҳамкории Шанхай, намояндагони ҳукумати Арманистон, Озарбойҷон, Гурҷистон ва кишварҳои АСЕАН иштирок намуданд.
Дар ҳошияи Форум зерфорумҳо оид ба масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи логистикаи фаромарзӣ ва тиҷорати электронӣ, рушди муштараки шаҳрҳои ҳушманд ва татбиқи низоми навигатсияи моҳворавӣ доир гардиданд.
Ҳамчунин Форуми занони Чин-Осиёи Марказӣ доир шуд, ки дар он иштироккунандагон оид ба масъалаҳои густариши табодул ва баҳамории саҳми занон баҳри рушд ва пешрафти давлатҳои минтақа, аз ҷумла дар доираи “Камарбанд ва роҳ” изҳори назар намуданд.
Аъзои ҳайати Тоҷикистон дар зерфорумҳо фаъолона иштирок намуда, ба иштироккунандагон дар бораи сиёсат ва муносибати Тоҷикистон нисбат ба масъалаҳои муҳокимашаванда сухан гуфтанд.
Дар Форуми мазкур ҳамчунин Намоишгоҳи кишварҳои иштироккунанда ташкил шуд. Дар намоишгоҳ беҳтарин намунаҳои маснуоти ҳунарҳои мардумии Тоҷикистон, аксҳо ва маводди иттилоотӣ ба намоиш гузошта шуданд ва таърих, фарҳанг, санъати мардуми тоҷик, сарватҳои табиӣ, мавзеъҳои диққатҷалбкунанда, имкониятҳои сайёҳӣ ва соҳаҳои фаъолияти кишвар инъикос ёфтанд.