18 октябри 2019 дар Варшава Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Лаҳистон бо қароргоҳаш дар Берлин Соҳибназар Ғайратшо Эътимодномаи худро ба Президенти Ҷумҳурии Лаҳистон ҷаноби Анжей Себастиан Дуда супорид.
Баъди қабули Эътимоднома Президенти Лаҳистон Сафири навтаъйинро барои суҳбати хоса пазируфт. Зимни суҳбат робитаҳои Тоҷикистону Лаҳистон мавриди баррасӣ қарор гирифта, роҷеъ ба вусъати минбаъдаи ҳамкориҳои ҳар ду кишвар ҳам дар сатҳи дуҷониба ва ҳам дар доираи Иттиҳоди Аврупо ва дигар созмонҳои байналмилалӣ мубодилаи афкор сурат гирифт.
Президенти Лаҳистон Сафирро ба муносибати ба ин вазифа таъйин гардиданаш табрик намуда, ба ӯ дар фаъолияти минбаъда комёбиҳо орзу намуд. Ӯ бо ишора ба муносибатҳои анъанавии дӯстонаи кишварҳо омодагии худро баҳри мусоидат дар таҳкими ҳамкориҳои гуногунҷабҳаи Лаҳистону Тоҷикистон иброз намуд.
Дар фарҷоми маросими ташрифотӣ Сафир ҳамчун рамзи арҷгузорӣ ба таърихи кишвар ба пояи оромгоҳи сарбози номаълум гулчанбар гузошт.