9 октябри соли 2014 дар шаҳри Минск ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид.
Дар кори ҷаласа ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷидин Аслов иштирок кард.
Зимни ҷаласа вазирони корҳои хориҷӣ роҷеъ ба доираи васеи ҳамкориҳои мутақобила дар арсаи сиёсати байналмилалӣ мубодилаи афкор намуда, оид ба масъалаҳои марбут ба таъмини амният дар минтақа, таҳкими бехатарии сарҳадоти берунии давлатҳои аъзои ИДМ, муқовимат бар зидди хариду фурӯши одамон, 70-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ҳамкориҳои давлатҳои аъзо дар соҳаи пешгирии муҳоҷирати ғайриқонунӣ, инчунин масъалаҳои иҷтимоӣ ва фарҳангиву гуманитарӣ қарорҳои дахлдор қабул карданд.
Шӯро рафти амалисозии Барномаи байнидавлатии «Пойтахтҳои фарҳангии ИДМ»-ро муҳокима намуд. Вобаста ба ин, масъалаи дар соли 2015 эълон кардани шаҳрҳои Кӯлоб ва Воронежро ба ҳайси пойтахтҳои фарҳангии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил маъқул дониста, он ба баррасии Шӯрои сарони давлатҳои Иттиҳод пешниҳод гардид.
Дар рафти ҷаласа ба як қатор муассисаҳои ИДМ мақоми ташкилоти заминавии давлатҳои аъзо бахшида шуд. Аз ҷумла, қарор дар бораи ба муассисаи Давлатии «Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ» додани мақоми ташкилоти заминавии давлатҳои аъзои ИДМ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фаъолияти мусиқӣ ва театр қабул гардид.
Шӯро инчунин Барномаи чорабиниҳои аввалиндараҷаи ҳамкориҳои гуманитарии давлатҳои аъзои ИДМ-ро барои солҳои 2015-2016» маъқул донист, ки тибқи он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронидани як қатор чорабиниҳо пешбинӣ шудааст.