27 октябри соли 2019 узви Шӯрои давлатӣ, Вазири корҳои хориҷии Чин Ван И аз гӯшаи Тоҷикистон, ки бо ибтикори Сафорат дар чорабинии навбатии анъанавии башардӯстона бо номи “Муҳаббат сарҳадҳоро намешиносад” дар шаҳри Пекин таъсис дода шуда буд, дидан намуд.
Вазири корҳои хориҷии кишвари иқомат Ван И ҳангоми гуфтугу бо Сафир Парвиз Давлатзода аз меваҷоти шаҳдбори Тоҷикистон, бахусус лиму ёдовар шуд.
Мавриди зикр аст, ки дар гӯшаи Тоҷикистон китобҳо дар бораи фаъолияти пурсамари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, таърих ва фарҳанги тоҷикон, хӯроку шириниҳои миллӣ, асбобҳои мусиқӣ, зардӯзию либосҳои миллӣ ва маводи сайёҳӣ ҷиҳати муаррифии фарҳангу тамаддуни миллати тоҷик ва табиати беназири мамлакат гузошта шуданд.
Маблағҳои дар рафти намоишгоҳ ҷамъоварӣ шуда аз сафоратхонаҳо, ташкилотҳои байналмилалӣ, ширкатҳои чинӣ ва хориҷӣ ба оилаҳои камбизоат ва ободонии музофотҳои Чин равона хоҳад шуд.