Ҷаласаи Муассисаи фарҳангии Созмони ҳамкории иқтисодӣ

31.10.2019 19:25

30 октябри 2019 дар дафтари марказии Муассисаи фарҳангии Созмони ҳамкории иқтисодӣ дар Теҳрон 30-юмин ҷаласаи Шӯрои намояндагони доимии кишварҳои узви Муассиса таҳти раёсати Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ)  Н. Зоҳидӣ бо иштироки  раиси кунунии Муассиса, сафирон ва намояндагони кишварҳои узв баргузор гардид.

Дар ҷаласа мавзӯи таъйини раиси нави Муассисаи фарҳангии СҲИ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Бар асоси оинномаи Муассисаи мазкур Шӯрои намояндагони доимии кишварҳои узв қарор қабул кард, ки ибтидоан аз моҳи ноябри соли 2019 раисии Муассиса барои як давраи сесола ба ҷониби Тоҷикистон вогузор гардад. Қарори мазкур барои  тасвиб ба Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви СҲИ, ки 8-9 ноябри соли ҷорӣ дар шаҳри Анталияи Ҷумҳурии Туркия баргузор мегардад, пешниҳод гардид.

Дар ҷаласа ҳамчунин масъалаҳои дигари фаъолияти муассиса ва буҷаи он муҳокима ва дар хусуси онҳо қарорҳои марбута қабул гардиданд.

IMG-20191031-WA0005-31-10-2019-1924.jpg

Нигористон

Тақвим