Боздиди Сафири Тоҷикистон аз музофоти Ҷиангсии Ҷумҳурии Мардумии Чин

05.11.2019 16:03

1-4 ноябри 2019 бо даъвати Ҳукумати музофоти Ҷиангсӣ ва Ҷамъияти мардумии дӯстии Чин бо кишварҳои хориҷӣ Сафири Тоҷикистон дар Чин Парвиз Давлатзода ба шаҳрҳои Нанчанг ва Ҷиндеҷен сафари корӣ анҷом дод.

Дар мулоқотҳо бо муовини губернатори музофоти Ҷиангсӣ хонум У Ҷунчун ва муовинони раисони шахрҳои Нанчанг ва Ҷиндеҷен доираи васеи масъалаҳои ҳамкориҳои байниминтақавӣ миёни музофот ва шаҳрҳои зикргардида бо вилояту шаҳрҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар соҳаҳои саноат, кишоварзӣ,  сайёҳӣ,  маориф, фарҳанг ва санъат баррасӣ гардиданд.

Дар доираи сафари корӣ Сафир роҷеъ ба фазои мусоиди сармоягузорӣ дар Тоҷикистон ба ҷонибҳои манфиатдор маълумот дода, аз корхонаҳо ва иттиҳодияҳои саноатии музофоти Ҷиангсӣ, аз ҷумла аз иттиҳодияи бонуфузи Чин «Jiangxi Copper Corporation Limited» боздид намуд.

foto1-05-11-2019-1602.jpg

Нигористон

Тақвим