2 ноябри соли 2019 бо ибтикори Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори Донишгоҳи молиявии назди Ҳукумати Федератсияи Россия ба муносибати 25-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи тантанавӣ бо барномаи фарҳангии он баргузор карда шуд.
Дар таҷлили ҷашни Рӯзи Конститутсия донишҷуёни тоҷик, ки дар муассисаҳои таълимии олии Россия таҳсил мекунанд ва дигар намояндагони ташкилоти ҷавонон ва диаспораи тоҷикони муқими Россия, инчунин роҳбарияти Донишгоҳи молиявӣ иштирок намуданд.
Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Имомуддин Сатторов дар суханронии ифтитоҳӣ ҳамватанонро ба муносибати ҷашни муҳимми давлатӣ табрик намуда, аҳамияти қабули Конститутсияро ба сифати як санади тақдирсози сиёсӣ ва ҳуқуқӣ қайд кард. Таъкид гардид, ки маҳз Конститутсия барои бунёди давлати соҳибихтиёри демократию ҳуқуқӣ ва дунявӣ, ҷомеаи озоди шаҳрвандӣ заминаи мустаҳкамро фароҳам овард.
Дар зимн И.Сатторов нақши муҳими Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар таъмини соҳибихтиёрии Тоҷикистон, истиқлолият ва тамомияти арзии он, инчунин татбиқ ва риояи Қонуни асосии давлат, ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрвандон махсусан қайд намуд.
Қобил ба тазаккур аст, ки чорабинӣ бо ҷалби фаъолонаи ташкилоти ҷавонон, донишҷӯён ва олимони ҷавони тоҷик баргузор шуд, ки онҳо низ роҷеъ ба вижагиҳои Конститутсия, низоми ҳуқуқию иқтисодии давлатдорӣ суханронӣ намуданд.
Ҳамчунин ба таваҷҷуҳи иштирокдорони ҷашн филм дар бораи таърихи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба намоиш гузошта шуд.
Дар ҳошияи маҷлиси тантанавӣ ба ғолибони мусобиқаи футбол, ки ба ифтихори 25-солагии Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни дастаҳои донишҷуёни тоҷики донишгоҳҳои Москва дар арафаи ҷашн баргузор шуда буд, ифтихорномаҳо ва ҷоизаи мусобиқаи варзишӣ тақдим гардид.
Сафири Тоҷикистон ғолибонро табрик намуда, нақши муассири ҷавонон дар рушду шукуфоии минбаъдаи кишвар, инчунин аҳамияти муҳими чунин чорабиниҳоро дар муттаҳидсозии ташкилоти ҷавонони тоҷики муқими Россия таъкид кард.
Дар ин замина қайд гардид, ки чорабинии имрӯза низ ба таври возеҳ собит месозад, ки ҷавонони тоҷик дар Россия арзишҳои миллӣ, истиқлолият ва соҳибихтиёрии давлатро қадр намуда, барои гузоштани саҳми муассири худ дар рушди фарогири минбаъдаи Тоҷикистон омода мебошанд.
Таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо барномаи ҷолибу рангини консертии ҳайати эҷодии донишҷуён, ки дар сатҳи хуб иҷро шуда, хотирмон буд, ҷамъбаст гардид.