Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Президенти Муғулистон эътимодномаи худро супорид

08.11.2019 11:33

7 ноябри соли 2019 дар шаҳри Улан – Батор Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Муғулистон Хайрулло Ибодзода эътимодномаи хуро ба Президенти Муғулистон Халтмаагийн Баттулга супорид.

Зимни сӯҳбати кӯтоҳ Сафири Тоҷикистон паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Президенти Муғулистон иброз дошт. Х. Баттулга эҳтироми худро ба Сарвари давлати Точикистон изҳор намуда, таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дуҷониба ва ҳамкориҳои бисёрҷабҳаи ду кишварро муҳим арзёбӣ намуд.

0-02-0a-198c7886c07026331617fdf8df824a6546107f3497f4fda7071f89aa0a838307-6ff9647f-08-11-2019-1132.jpg

Нигористон

Тақвим