Мулоқот бо Котиби давлатии Вазорати Аврупо ва корҳои хориҷии Франсия

09.11.2019 14:57

8 ноябри соли 2019 дар шаҳри Париж вохӯрии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Сироҷиддин Муҳриддин бо Котиби давлатии Вазорати Аврупо ва корҳои хориҷии Ҷумҳурии Франсия ҷаноби Жан-Батист Лемуан баргузор гардид.

Зимни мулоқот доираи васеи мавзӯҳои мубрами муносибатҳои дуҷонибаи мутақобилан судманди Тоҷикистону Франсия, аз ҷумла шарикии баробару боэътимоди ду кишвар дар ҷодаи ҳамгироӣ атрофи ҳаллу фасли масоили глобалию минтақавӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Ҷонибҳо аз сатҳу муҳтавои равобити кунунӣ байни Тоҷикистону Франсия ибрози қаноатмандӣ намуда, ҷараёни зудрушдёбандаи ҳамкориҳои ҳасанаи ду давлатро дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангию гуманитарӣ баланд арзёбӣ карданд. Хусусан оид ба афзори самараноки машваратҳои мунтазами сиёсӣ ва тақвияти муносиботи дӯстона миёни Тоҷикистону Франсия дар партави баргузории сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Франсия изҳори хушӣ карда шуд.

 Пас аз мулоқот маросими имзои 5 санади нави ҳамкорӣ барпо гашт:

- Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Франсия оид ба алоқаи ҳавоӣ;

- Эъломияи ҳамкорӣ дар соҳаи сайеҳӣ байни Кумитаи рушди сайёҳии назди  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати Аврупо ва корҳои хориҷии Ҷумҳурии Франсия;

- Эъломия оид ба ҳамкорӣ байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати Аврупо ва корҳои хориҷии Ҷумхурии Франсия барои давраи 2019-2023;

- Эъломия оид ба ҳамкорӣ байни Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати Аврупо ва корҳои хориҷии Ҷумхурии Франсия оид ба ҳамкорӣ байни Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Институти Франсиявии тадқиқоти Осиёи Марказӣ (IFEAC);

- Ёддошти ҳусни тафоҳум оид ба ҳамкории таҳсилотӣ байни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи Париж 1 Пантеон-Сорбонна.

050-09-11-2019-1456.jpg

 

Нигористон

Тақвим