Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар иҷлоси Шӯрои вазирони Созмони ҳамкории иқтисодӣ

11.11.2019 09:01

9 ноябри 2019 дар Анталия, Туркия иҷлоси 24-уми Шӯрои вазирони Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ) баргузор гардид, ки дар он иҷлос раёсат дар созмони мазкур аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Туркия гузашт.

Роҳбари ҳайати кишвари мо, Муовини якуми вазири корҳои хориҷӣ Хусрав Нозирӣ ба сифати Раиси иҷлоси 23-юми Шӯрои вазирони Созмони ҳамкории иқтисодӣ иҷлосро ифтитоҳ намуда, роҷеъ ба дастовардҳои Созмон дар давраи раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ кард. Дар ин замина ӯ ба самтҳои авлавиятноки ҳамкорӣ дар паҳнои Созмон ишора намуда, бар аҳаммияти татбиқи пружаҳои самарбахши минтақавӣ дар соҳаҳои гуногун ва афзоиши мизони тиҷорат байни кишварҳои узв таъкид намуд.

Бисту чаҳорумин иҷлоси Шӯрои вазирони Созмони ҳамкории иқтисодӣ бо қабул гардидани санади ниҳоии он – Баёнияи Анталия ба поён расид.

1-eco24-11-11-2019-0900.jpg

Нигористон

Тақвим