Оғози сафари расмии Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Давлати Кувайт

12.11.2019 11:45

11 ноябри 2019 сафари расмии Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар раъси ҳайати ҳукуматӣ ба Давлати Кувайт шурӯъ гардид.

Пас аз маросими истиқболи расмӣ мулоқоти Сарвазири кишвар бо Валиаҳди Давлати Кувайт Шайх Нувоф ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ баргузор гардид, ки дар он ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисод, тиҷорат, сармоягузорӣ, саёҳат, мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва дигар мавзӯъҳои мавриди эҳтимоми муштарактро баррасӣ намуданд.

Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Валиаҳди Давлати Кувайт ҷиҳати боздиди расмӣ аз Тоҷикистон даъват намуд. Валиаҳди Давлати Кувайт даъвати мазкурро пазируфта, таъкид намуд, ки дар замони муносиб аз кишвари дӯст боздид хоҳад кард.  

Инчунин мулоқоти Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо Раиси Шӯрои Вазирони Давлати Кувайт Шайх Ҷобир ал-Муборак ал-Ҳамад ас-Сабоҳ баргузор шуд, ки дар он ҳолат, дурнамо ва роҳҳои густариши ҳамкориҳо байни ду кишвари дӯст баррасӣ гардиданд.

ogozi-safari-rasmi-2-12-11-2019-1144.jpg

 

Нигористон

Тақвим