Мулоқоти Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Раиси Маҷлиси миллии Давлати Кувайт

12.11.2019 11:50

11 ноябри 2019 дар ал-Кувайт мулоқоти Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо Раиси Маҷлиси миллии Давлати Кувайт Марзуқ Алӣ Муҳаммад Сунён ал-Ғоним баргузор гардид.

Ҷонибҳо дар он мулоқот ҳолат ва дурнамои ҳамкориҳо дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла густариш ва тақвияти робитаҳои байнипарлумонӣ миёни ду кишварро баррасӣ намуданд.

Мусоҳибон бо ишора ба сафари расмии Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ба Давлати Кувайт, ки моҳи декабри соли 2015 сурат гирифта буд, ва фаъолияти Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонӣ, аз сатҳи ҳамкориҳо изҳори қаноатмандӣ намуданд. Ҷонибҳо инчунин бар зарурати табодули сафарҳои байнипарлумонӣ ҷиҳати табодули таҷриба, таҳким ва густариши ҳамкориҳо таъкид намуданд.

75339509-638638259998440-1420949247951372288-n-12-11-2019-1436.jpg

 

Нигористон

Тақвим