Форуми сайёҳӣ дар Кувайт

12.11.2019 14:34

10 ноябри 2019 дар доираи ташаббуси марбут ба "Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021", ҷалби сайёҳон, муаррифии зарфият ва имкониятҳои сайёҳии кишвар дар яке аз мехмонхонаҳои ал-Кувайт Форуми сайёҳӣ баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуғаффорзода Нӯъмон роҷеъ ба имкониятҳои сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти муфассал дода, ба суолҳои хабарнигорон ва намояндагони ширкатҳои сайёҳӣ ҷавобҳои мушаххас дод.

Дар Форуми мазкур Муовини вазири иттилооти Кувайт Муҳаммад Юсуф Мустафо Абдулло, намояндагони ВАО ва ширкатҳои гардишгарӣ иштирок намуданд.

73390861-777814312632690-2136556765867671552-n-12-11-2019-1433.jpg

 

Нигористон

Тақвим