Мулоқоти Сафири Тоҷикистон бо Муовини якуми вазири корҳои хориҷии Чин

12.11.2019 14:49

11 ноябри 2019 мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин Парвиз Давлатзода бо Муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин Лэ Юйчэн баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ, ки дар фазои дӯстона доир шуд, ҷонибҳо масъалаҳои шарокати ҳамаҷонибаи стратегии ду кишварро дар самтҳои мухталифи ҳамкорӣ баррасӣ намуданд.

Сафири Тоҷикистон ва Муовини якуми вазири корҳои хориҷии Чин ҳамчунин оид ба ҳамкориҳои ду кишвар дар арсаи байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла роҷеъ ба баргузории чорабиниҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи минтақавию байналмилалӣ изҳори назар намуданд. Мусоҳибон қайд намуданд, ки миёни Тоҷикистону Чин дар сатҳи олӣ гуфтугӯи доимии сиёсӣ барқарор гардидааст, ки зимни баррасии бисёре аз масъалаҳои муҳимми минтақавӣ ва байналмилалӣ, аз ҷумла онҳое, ки дар рӯзномаи СММ, СҲШ ва МҲТБО мавҷуданд, мавқеи кишварҳои мо бо ҳам мутобиқ ва ё наздик мебошад.

Дар поёни мулоқот бори дигар алоқамандии ҷонибҳо ба таҳкиму густариши бештари ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва шарокати стратегии ду кишвари дӯсту ҳамсоя баён гардид.

glavnaya-12-11-2019-1448.jpg

Нигористон

Тақвим