Мулоқот бо Сафири Афғонистон ба муносибати таҷлили 600 солагии Абдурраҳмони Ҷомӣ

18.10.2014 10:57

Мулоқот бо Сафири Афғонистон ба муносибати таҷлили 600 солагии Абдурраҳмони Ҷомӣ

17 октябри соли 2014 дар бинои Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати таҷлили 600-умин солгарди фарзанди фарзонаи халқи тоҷик, шоир ва мутафаккири барҷаста Мавлоно Абдурраҳмони Ҷомӣ мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ҷаноби доктор Абдулғафури Орзу бо кормандони Вазорат баргузор гардид.

Зимни мулоқот доктор Абдулғафури Орзу дар бораи пайвандҳои таърихии адабию фарҳангии Тоҷикистону Афғонистон  ва инчунин, дар бораи дурнамои умедбахши равобити ин ду кишвари бародар маърӯзаи фарогир ироа намуд.

Дар фарҷоми ҳамоиш суҳбати озоди кормандони Вазорат бо  Сафири ҶИА сурат гирифт, ки зимни он атрофи масъалаҳои мухталифи муносибатҳои дуҷониба ва қазияҳои минтақавӣ табодули назар ҷараён ёфт.

Мулоқот бо Сафири Афғонистон ба муносибати таҷлили 600 солагии Абдурраҳмони Ҷомӣ

 

Нигористон

Тақвим