15 ноябри 2019 мулоқоти Сафири Тоҷикистон Имомуддин Сатторов бо Муовини вазири корҳои хориҷии Русия А.Ю. Руденко баргузор гардид.
Дар мулоқот ҷонибҳо роҷеъ ба натиҷаҳои мулоқотҳои муҳимми соли 2019 табодули афкор намуда вазъи кунунии ҳамкориҳои Тоҷикистону Русия ва дурнамои густариши ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ карданд.
Ҳамчунин ҷонибҳо роҷеъ ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи минтақавӣ ва байналмилалӣ табодули афкор намуданд.