18 октябри соли 2014 дар ш.Брюссел мусоҳибаи Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо Президенти гурӯҳи ширкатҳои иттилоотии Иттиҳоди Аврупо “New Europe” Базил Коронакис ва сармуҳаррири рӯзномаи сиёсии аврупоӣ “New Europe” Костас Тсасигас баргузор гардид.
Зимни мусоҳиба Вазири корҳои хориҷӣ ба саволҳо оид ба ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ва инчунин масоили мубрами минтақавию ҷаҳонӣ посух дод.