Мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Консули фахрии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Белгия

20.10.2014 11:00

18 октябри соли 2014 дар ш. Брюссел вохӯрии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо Консули фахрии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Белгия Клаус Ван Дейк баргузор гардид.

Клаус Ван Дейк аз ҷумла дар бораи рушди ҳамкории дуҷониба дар доираи фаъолияти самараноки Бизнес-клуби Белгия-Тоҷикистон ва Маркази фарҳангии тоҷикон дар шаҳри Брюссел маълумот дод.

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Консули фахрии кишвар дар Шоҳигарии Белгия оид ба роҳҳои инкишофи муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Белгия табодули назар карданд.

Консули фахрӣ Клаус Ван Дейк итминон дод, ки минбаъд низ ҷиҳати рушди робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратию сармоягузорӣ, фарҳангӣ ва маърифатӣ миёни Тоҷикистон ва Белгия талош хоҳад намуд.

Нигористон

Тақвим