24 октябри соли 2014 соати 11:00 дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон брифинг барои намояндагони ВАО дар бобати Нахустин анҷумани сармоягузории Созмони ҳамкории исломӣ (СҲИ) барои Осиёи Марказӣ, ки 27-28 октябри соли 2014 дар шаҳри Душанбе баргузор хоҳад шуд, доир мегардад.
Ба брифинг намояндагони воситаҳои ахбори оммаи дохилӣ ва хориҷӣ даъват карда мешаванд.
Зимни брифинг инчунин маводҳо роҷеъ ба Нахустин анҷумани сармоягузории СҲИ барои Осиёи Марказӣ ва бейджҳо дастрас карда мешаванд.