Мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Вазири корҳои хориҷӣ ва аврупоии Люксембург

21.10.2014 08:28

20 октябри соли 2014 дар ҳошияи сафари худ ба Иттиҳоди Аврупо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо Вазири корҳои хориҷӣ ва аврупоии Люксембург Жан Асселборн вохӯрӣ барпо намуд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо оид ба вазъи кунунӣ ва дурнамои тавсеаи ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Люксембург, аз ҷумла дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалию минтақавӣ, мубодилаи афкор намуданд.

Бо ишора ба потенсиал ҷиҳати рушди муносибатҳои дуҷониба, ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, то барои таҳкими минбаъдаи он дар соҳаҳои иқтисодӣ, фарҳангӣ ва маориф чораҳои зарурӣ андешанд.

Мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Вазири корҳои хориҷӣ ва аврупоии Люксембург

Нигористон

Тақвим