Ҷаласаи Шӯрои ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо

21.10.2014 08:46

Ҷаласаи Шӯрои ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо

20 октябри соли 2014 дар шаҳри Люксембург ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷидин Аслов дар ҷаласаи 4-уми Шӯрои ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ширкат варзид.

Ҷаласаи Шӯрои ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Иттиҳоди АврупоЗимни ҷаласаи Шӯро ҷонибҳо оид ба рушди ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар соҳаҳои иқтисод, энергетика, фарҳанг ва маориф, татбиқи Стратегия ИА дар Осиёи Марказӣ ва лоиҳаву барномаҳои ИА дар Тоҷикистон мубодилаи афкор намуда, ҳамзамон масоили минтақавию байналмилалиро муҳокима карданд.  

Дар фарҷоми ҷаласа изҳороти муштарак оид ба истиқбол намудан аз қарори Комиссияи Аврупо роҷеъ ба қабул намудани Барномаи бисёрсолаи индикативӣ барои солҳои 2014-2020 дар ҳаҷми 251 млн. евро, ки дар чаҳорчӯби Стратегия нави ИА барои Осиёи Марказӣ амалӣ хоҳад шуд, ба имзо расид.

Бояд қайд кард, ки дар кори Шӯро ҷониби Иттиҳоди Аврупоро Муовини вазири корҳои хориҷии кишвари раисикунандаи ИА (Италия) Бенедетто Делла Ведова раҳбарӣ намуд.

Нигористон

Тақвим