Вохӯрии Сафири Тоҷикистон бо муовини Мудири шуъбаи робитаҳои байналмилалии КМ ҲКЧ

04.12.2019 15:19

2 декабри 2019 вохӯрии Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин Парвиз Давлатзода бо муовини Мудири шуъбаи робитаҳои байналмилалии Кумитаи Марказии Ҳизби коммунистии Чин Чиан Хуаншан дар остонаи сафари дарпешистодаи ӯ ба Тоҷикистон доир гардид.

Дар рафти вохӯрӣ масъалаҳои мубрами муносибатҳои дуҷонибаи шарокати стратегӣ, татбиқи тавофуқҳои бадастомада дар рафти музокироти Тоҷикистон ва Чин дар сатҳи олӣ, ки моҳҳои апрел ва июни соли ҷорӣ дар шаҳрҳои Пекин ва Душанбе баргузор шуданд, инчунин таҳкими минбаъдаи робитаҳои байниҳизбӣ, аз ҷумла барои рушди соҳаҳои ҳамкориҳои амалии дуҷониба муҳокима гардиданд.

7282f526bac8ef0e23afc890d7eb55e-04-12-2019-1517.jpg

 

Нигористон

Тақвим