20 октябри соли 2014 дар ш.Люксембург Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо Ноиби Президенти Бонки сармоягузории Аврупо Вилҳелм Молтерер вохӯрӣ барпо намуд.
Бо баррасии сатҳи кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкории дуҷониба байни Тоҷикистону Бонки сармоягузории Аврупо, ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, то ҳамкории мутақобилан судмандро бо мақсади коркард ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳое, ки барои иқтисоди Тоҷикистон аҳамияти аввалиндараҷа доранд, ба роҳ монанд.
Бояд қайд кард, ки ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки сармоягузории Аврупо аз замони баимзорасонии Созишномаи ҳамкорӣ миёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Бонк Филипп Мейштад дар соли 2009 оғоз ёфт.
