5-6 декабри 2019 дар шаҳри Братислава 26-умин иҷлоси Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои ширкаткунандаи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) баргузор гардид. Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин ҳамоиш Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин раҳбарӣ намуд.
Дар суханронии хеш Вазири корҳои хориҷӣ дар баробари авлавиятҳои Тоҷикистон дар се буъди фаъолияти САҲА, доир ба чолишҳои умдаи ҷаҳони муосир, аз қабили мубориза алайҳи терроризму ифротгароӣ, қочоқи маводди мухаддир ва тағйирёбии иқлим изҳори ақида намуд.