Вохӯрии Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Дабири кулли САҲА

06.12.2019 14:37

5 декабри 2019 дар Братислава дар ҳошияи 26-умин иҷлоси Шӯрои вазирони Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Дабири кулли САҲА Томас Гремингер вохӯрӣ намуд.

Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо дар масъалаҳои марбут ба дурнамои ҳамкории Тоҷикистону САҲА дар ҳар се буъд, аз ҷумла ҳамкориҳо дар доираи Раванди Душанбе оид ба мубориза алайҳи терроризм, Конфронси Душанбе оид ба татбиқи ҳадафҳои Даҳсолаи “Об барои рушди устувор” дар соли 2020 ва дигар мавзӯъҳои мавриди эҳтимоми тарафайн мубодилаи афкор намуданд.

23795-06-12-2019-1447.jpg

 

Нигористон

Тақвим