5 декабри 2019 Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ИМА дар намоишгоҳи ҳарсолаи "Winternational 2019", ки дар бинои Роналд Рейган ва Маркази байналмилалии тиҷорати Вашингтон баргузор гардид, иштирок намуд.
Дар чорабинии мазкур имкониятҳои сайёҳӣ ва сармоягузорӣ, ҳунарҳои мардумӣ, либос ва таомҳои миллӣ муаррифӣ гардиданд.
Дар гӯшаи фарҳангии Сафорат намунаҳои ҳунари миллии мардуми тоҷик, аз ҷумла зардӯзӣ, сӯзанӣ, чакан, асбобҳои мусиқӣ ва ғайра пешкаши меҳмонон шуд. Инчунин маълумот дар бораи имкониятҳои сайёҳии кишвар ва низоми визаи электронӣ барои сайёҳон пешниҳод гардид. Дар ҳамкорӣ бо Бонки Ҷаҳонӣ маҷаллаҳои "Даҳ ганҷинаи Тоҷикистон" ва "Тоҷикистон аз нигоҳи ширкатҳои сайёҳӣ" пешкаш шуд.