Вохӯрии Вазири корҳои хориҷӣ бо Вазири корҳои хориҷӣ ва ҳамкории байналмилалии Италия

13.12.2019 16:12

13 декабри соли 2019 дар Рим дар ҳошияи Конфронси байналмилалиӣ таҳти унвони “Италия ва Осиёи Марказӣ: таҳкими ҳамдигарфаҳмӣ, ҳамкорӣ ва шарикӣ” вохӯрии Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин бо Вазири корҳои хориҷӣ ва ҳамкории байналмилалии Ҷумҳурии Италия Луиҷӣ Дӣ Майо баргузор гардид.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, фарҳангӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Италияро баррасӣ намуда, роҷеъ ба масъалаҳои мубрами минтақа ва ҷаҳон, аз ҷумла амният ва муҳити зист мубодилаи афкор намуданд.

Ҳамзамон Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ҳамтои хешро ҷиҳати иштирок дар чорабиниҳои сатҳи баланд дар Тоҷикистон дар соли 2020, аз ҷумла конфронсҳои навбатӣ оид ба хатару чолишҳои амниятӣ ва татбиқи  «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» даъват намуд.

IMG-4121-13-12-2019-1611.jpg

Нигористон

Тақвим