23 октябри 2014 вохӯрии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо Директори Дафтари минтақавии аврупоии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) Жужанна Якаб ва Улёҳазрат, ҳамсари Валиаҳди Дания Мэри, ки сарпарасти Дафтари минтақавии аврупоии СУТ мебошад, баргузор гардид.
Дар рафти мулоқот оид ба масъалаҳои мубрами ҳамкориҳои Тоҷикистону СУТ, рафти татбиқи барномаву лоиҳаҳо дар соҳаи тандурустӣ, аз ҷумла дар бахшҳои ҳифзи модар ва кӯдак, иммунизатсия, пешгирии бемориҳо ва дигар мавзӯъҳо табодули назар сурат гирифт.
Зимни суҳбат Жужанна Якаб кӯшишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар самти густариши соҳаи тандурустӣ ва тавсеаи ҳамкориҳои судманд бо Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ баланд арзёбӣ намуд.