Иштироки Муовини вазири корҳои хориҷӣ дар вохӯрии 9-уми муовинони вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Афғонистон

16.12.2019 17:28

14 декабри 2019 дар Тошканд бо ташаббуси Маркази минтақавии Созмони Милали Муттаҳид оид ба дипломатияи боздоранда барои Осиёи Марказӣ (UNRCCA) вохӯрии 9-уми муовинони вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Афғонистон баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини вазири корҳои хориҷӣ Музаффар Ҳусейнзода иштирок намуд.

Дар суханронии худ Музаффар Ҳусейнзода роҷеъ ба дурнамои ҳамкориҳои кишварҳои минтақа дар соҳаҳои гуногун ва зарурати таҳкими муқовимати муштарак бо таҳдиду чолишҳои муосир ибрози андеша намуд.

joint-photo-16-12-2019-1727.jpg

Нигористон

Тақвим