24 октябри соли 2014 вохӯрии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Чехия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Гинэк Пэйха баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ ҳолат ва дурнамои рушди муносибатҳои дуҷониба, рафти омодагиҳо ба сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Чехия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва инчунин ҳамкориҳои минтақавӣ баррасӣ шуданд.