Ифтитоҳи Маркази табодули фарҳангӣ дар Пекин

17.12.2019 16:13

17 декабри соли 2019 дар шаҳри Пекин бо ибтикори Сафорати  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Донишгоҳи шаҳрии Пекин маросими ифтитоҳи Маркази табодули фарҳангӣ баргузор шуд.

Дар чорабинӣ намояндагони вазорату идораҳо ва ташкилотҳои давлатию ҷамъиятии Чин, ходимони намоёни фарҳанг ва санъат, намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва васоити ахбори оммаи кишвар, сафоратҳо ва созмонҳои байналмилалии муқими Чин, марказҳои фарҳангии кишварҳои хориҷӣ дар Пекин, инчунин донишҷӯёни тоҷик иштирок доштанд.

Дар суханронии худ Сафири Тоҷикистон дар Чин Парвиз Давлатзода ба Ректори Донишгоҳи шаҳрии Пекин барои мусоидат дар кушодани Марказ ва таъмини шароити лозим барои фаъолияти бомуваффақияти он арзи сипос карда, кушода шудани Марказро ҳамчун идомаи анъанаҳои дерин ва дӯстонае, ки ҳамеша кишварҳо ва мардумони моро ба ҳам мепайвастанд, тавсиф намуд.

Сафири Тоҷикистон таъкид намуд, ки дарҳои Марказ барои дӯстон, шарикон ва ҳамаи онҳое, ки ба Тоҷикистон ва таърих, фарҳанг, санъат ва ҳаёти мардуми он алоқа доранд, ҳамеша кушода хоҳад буд.

Ректори Донишгоҳи шаҳрии Пекин Лиу Лин низ ҳозиринро ба муносибати кушодашавии Марказ муборакбод гуфта,  қайд намуд, ки ифтитоҳи чунин Марказ такони ҷиддие ба таҳким ва тавсеаи робитаҳои фарҳангию гуманитарӣ ва муносибатҳои дӯстонаи ду кишвари ҳамсоя хоҳад дод.

1220-6-26-12-2019-1654.jpg

 

Нигористон

Тақвим