18-19 декабри 2019 дар шаҳри Чунсини Чин таҳти раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Кумитаи кормандони аршади Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё бо иштироки намояндагони кишварҳои узв доир гардид, ки дар он ҳайати кишвар бо роҳбарии Сафири Тоҷикистон дар Чин Парвиз Давлатзода иштирок намуд.
Дар он ҳамоиш масъалаҳои муҳимми ҳамкорӣ дар доираи созмони минтақавии мазкур муҳокима шуда, тавофуқҳои ҳосилшуда дар Протокол ва қарорҳои ҷаласа дарҷ гардиданд.
Роҳбарони ҳайатҳо натиҷаҳои Иҷлоси панҷуми сарони давлатҳои узви МҲТБО-ро, ки 15 июни соли ҷорӣ дар Душанбе баргузор шуд, инчунин саҳми раёсати Тоҷикистонро дар пешбурди равандҳои МҲТБО баланд арзёбӣ намуданд.
Ҳайати Тоҷикистон инчунин 19 декабр дар маросими кушодашавии даври сеюми Форуми созмонҳои ғайридавлатии МҲТБО иштирок намуд. Ширкаткунандагони Форум аз натиҷаҳои саммити Душанбе ёддовар шуда, роҷеъ ба густариши ҳамкориҳо дар Осиё дар соҳаҳои мухталиф изҳори назар карданд.
Лозим ба ёдоварист, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 2018-2020 раёсати Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиёро ба уҳда дорад.