Брифинг роҷеъ ба Нахустин анҷумани сармоягузории СҲИ барои Осиёи Марказӣ

24.10.2014 15:07

Брифинг роҷеъ ба Нахустин анҷумани сармоягузории СҲИ барои Осиёи Марказӣ24 октябри соли 2014 дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон брифинг барои намояндагони ВАО дар бобати Нахустин анҷумани сармоягузории Созмони ҳамкории исломӣ (СҲИ) барои Осиёи Марказӣ, ки 27-28 октябри соли 2014 дар шаҳри Душанбе баргузор хоҳад шуд, доир гардид.

Зимни брифинг Муовини сардори Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷӣ Вафо Ниятбеков ба хабарнигорон роҷеъ ба масъалаҳои омодагӣ ба Анҷумани сармоягузории мазкур, ҳадафҳои баргузории Анҷуман дар шаҳри Душанбе ва чорабиниҳои пешбинишуда маълумот пешниҳод кард.

Ҳамзамон Сардори Раёсати созмонҳои байналмилалӣ Идибек Қаландаров ба саволҳои рӯзноманигорон посух дод.

Дар анҷоми брифинг ба роҳбари намояндагии «ИТАР-ТАСС» дар Тоҷикистон Галина Гриднева Табрикномаи Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба 110-солагии Агентии иттилоотии «ИТАР-ТАСС»  супорида шуд.

Брифинг роҷеъ ба Нахустин анҷумани сармоягузории СҲИ барои Осиёи Марказӣ

Брифинг роҷеъ ба Нахустин анҷумани сармоягузории СҲИ барои Осиёи Марказӣ

Нигористон

Тақвим