23 октябри соли 2014 дар Братислава Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Словакия (бо қароргоҳ дар Вена) Исматулло Насрединов нусхаи Эътимодномаи худро ба Котиби давлатии Вазорати корҳои хориҷӣ ва аврупоии Ҷумҳурии Словакия Петер Буриан супорид.
Зимни суҳбате, ки баъд аз маросими супоридани нусхаи Эътимоднома сурат гирифт, ҷонибҳо масоили густариши робитаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, энергетикӣ ва инчунин ҳамкорӣ дар соҳаҳои илму маориф, кишоварзӣ ва фарҳангро мавриди муҳокима қарор доданд.
Петер Буриан аз таъин шудани Намояндаи Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Словакия истиқбол карда, ҳавасмандии худро ба рушди босуръати ҳамкориҳои созандаву мутақобилан судманд дар бахшҳои афзалиятнок таъкид дошт.
Гуфтугӯи судманд доир ба ҳамкориҳо дар чорчӯби созмонҳои байналмилалӣ низ сурат гирифт.
Ҳарду ҷониб омодагии устувори худро ба таҳкими робитаҳо таъкид доштанд.
Худи ҳамон рӯз вохӯрии Сафири Тоҷикистон бо Мудири Департаменти Аврупои Шарқӣ, Қавқози Ҷанубӣ ва Осиёии Марказии Вазорати корҳои хориҷӣ ва аврупоии Ҷумҳурии Словакия Бранислав Ҳитка низ баргузор гардид.