Вохӯрии Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Дабири кулли Созмони ҳамкории исломӣ

27.10.2014 12:33

27 сентябри 2014 дар Душанбе дар ҳошияи Нахустин анҷумани сармоягузории Созмони ҳамкории исломӣ барои Осиёи Марказӣ вохӯрии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо Дабири кулли Созмони ҳамкории исломӣ (СҲИ) Иёд Амин Маданӣ баргузор гардид.

Зимни вохӯрӣ перомуни масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистону СҲИ дар самтҳои мухталиф мубодилаи афкор сурат гирифт. Ҷонибҳо қаноатмандии худро аз ҳамкорӣ дар омода намудани Анҷумани сармоягузории СҲИ дар Душанбе, ки дар сатҳи баланд созмон дода шуд, изҳор намуданд.

Вохӯрии Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Дабири кулли Созмони ҳамкории исломӣ

Нигористон

Тақвим