27 октябри соли 2014 вохӯрии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо Президенти Бонки исломии рушд (БИР) Аҳмад Муҳаммад Алӣ баргузор гардид.
Зимни мулоқот ҷонибҳо дар масъалаҳои мубрами муносибатҳои Тоҷикистону БИР мубодилаи афкор намуда, изҳори омодагӣ ҷиҳати таҳкими ҳамкорӣ дар ҳошияи лоиҳаҳои минтақавӣ баён намуданд.