27 октябри соли 2014 дар ҳошияи Нахустин анҷумани сармоягузории Созмони ҳамкории исломӣ барои Осиёи Марказӣ мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидини Аслов бо Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Атиқуллоҳ Отифмол баргузор гардид.
Зимни мулоқот ҷонибҳо масоили мубрами робитаҳои ду кишварро мавриди муҳокима қарор дода, оид ба ҳамкорӣ дар доираи созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ мубодилаи афкор намуданд.