27 октябри 2014 дар ҳошияи Нахустин анҷумани сармоягузории Созмони ҳамкории Исломӣ барои Осиёи Марказӣ вохӯрии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо Вазири давлатии Амороти Муттаҳидаи Араб Абдуллоҳ Муҳаммад Саид Алғабош барпо гардид.
Зимни мулоқот таъкид карда шуд, ки барои густариши муносибатҳои дуҷониба заминаи мусоид фароҳам оварда шудааст, бинобар ин ҷонибҳо ба дурнамои рушди ҳамкориҳо назари нек доранд.
Ҷонибҳо доираи васеи густариши масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба, аз ҷумла дар соҳаҳои иқтисодӣ, сармоягузорӣ, тиҷорат, энергетикаро мавриди баррасӣ қарор доданд.