27 октябри соли 2014 дар ҳошияи Нахустин анҷумани сармоягузории Созмони ҳамкории исломӣ барои Осиёи Марказӣ мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо Вазири корҳои хориҷӣ ва ҳамкории байналмилалии Либия Муҳаммад ал-Ғиронӣ баргузор гардид.
Ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳоро, аз ҷумла дар соҳаҳои иқтисодӣ, сармоягузорӣ, кишоварзӣ ва фарҳанг мавриди баррасӣ қарор дода, доир ба роҳҳои густариши ин соҳаҳои ҳамкорӣ табодули назар намуданд.