Мулоқоти Вазири корҳои хориҷӣ бо Сафири Кувайт дар Тоҷикисон

29.10.2014 09:43

27 октябри соли 2014 дар ҳошияи Нахустин анҷумани сармоягузории Созмони ҳамкории исломӣ барои Осиёи Марказӣ Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов Сафири Фавқулода ва Мухтори Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Наваф Абдулазиз ал-Анезиро ба ҳузур пазируфт.

Зимни мулоқот ҷонибҳо аз ҳолати кунунии муносибатҳои дуҷониба изҳори қаноатмандӣ намуда, паҳлуҳои гуногуни ҳамкориҳоро, аз ҷумла дар соҳаҳои иқтисодӣ, сармоягузорӣ, маориф, фарҳанг ва иҷтимоӣ дар меҳвари мулоқоти худ қарор доданд.

Мулоқоти Вазири корҳои хориҷӣ бо Сафири Кувайт дар Тоҷикисон

Нигористон

Тақвим