27 октябри 2014 дар ҳошияи Нахустин анҷумани сармоягузории Созмони ҳамкории исломӣ барои Осиёи Марказӣ Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов Вазири давлатии Шӯрои олӣ оид ба сармоягузории Ҷумҳурии Судон Алӣ Муҳаммад Мусо Таверро ба ҳузур пазируфт.
Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои густариши муносибатҳои дуҷониба байни Тоҷикистон ва Судон дар соҳаҳои гуногун ва масъалаҳои дигари мавриди эҳтимоми муштарак баррасӣ гардиданд.