Вохӯрии Вазири корҳои хориҷӣ бо Сарвазири Сербия

30.01.2020 17:09

30 январи 2020 сафари расмии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ба Ҷумҳурии Сербия шурӯъ гардид. Дар чаҳорчӯби сафари мазкур вохӯрии Вазир бо Сарвазири Ҷумҳурии Сербия хонум Ана Брнабич баргузор шуд.

Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дуҷонибаро дар заминаҳои гуногун муҳокима намуданд. Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сарвазири Сербияро ба Конфронси дуюми сатҳи баланд оид ба татбиқи «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» даъват намуд.

22-30-01-2020-1705.jpg

Нигористон

Тақвим