Ройзаниҳои сиёсӣ миёни Тоҷикистон ва Италия

30.01.2020 17:31

30 январи 2020 дар Рим даври дуюми ройзаниҳои сиёсӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Италия таҳти роҳбарии муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода ва муовини вазири корҳои хориҷӣ ва ҳамкориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Италия Манлио ди Стефано баргузор гардид.

Ҳайатҳои ду кишвар вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дуҷониба дар заминаҳои гуногун, аз ҷумла сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, парлумонӣ, фарҳангу маориф ва мубориза бо хатару чолишҳои амниятӣ дар минтақа ва ҷаҳон, инчунин дигар масъалаҳои эҳтимоми муштаракро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Image-5-30-01-2020-1729.jpg

Нигористон

Тақвим