Сафири Тоҷикистон ба Президенти Қирғизистон эътимоднома супорид

13.02.2020 14:21

13 феврали 2020 дар Бишкек Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қирғизистон Назирмад Ализода эътимодномаи худро ба Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбай Жээнбеков супорид.

Дар маросими мазкур Сафири Тоҷикистон ба Президенти Қирғизистон дуруду паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро расонид.

Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбай Жээнбеков ба рушди муносибатҳои дуҷониба таваҷҷуҳ зоҳир карда, ба Сафири Тоҷикистон дар иҷрои вазифаҳои дипломатӣ муваффақият таманно намуд.

DOS-8357-13-02-2020-1419.jpg

Нигористон

Тақвим