Эълони баргузории нишасти матбуотӣ дар Вазорати корҳои хориҷӣ

14.02.2020 17:26

18 феврали 2020, соати 11:00 дар бинои Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ дар робита ба ҷамъбасти фаъолияти Вазорат дар соли 2019 баргузор мегардад.

Намояндагони воситаҳои ахбори оммаи ватаниву хориҷие, ки хоҳиши дар нишасти матбуотӣ иштирок карданро доранд, то соати 11:00 17 феврал ба Раёсати иттилоот ва матбуоти Вазорат бо телефони 221-43-69 ё почтаи электронии pressaccreditation@mfa.tj хабар диҳанд.

882836-1454392774779606-1225666783-o-14-02-2020-1725.jpg

Нигористон

Тақвим