“Аз Саразм то Суғдиён” – намоишгоҳи аксҳо дар Москва

24.02.2020 15:19

20 феврали 2020 дар Москва бо ибтикори Сафорати Тоҷикистон дар Русия ҳамоиши ҷашнӣ ва намоиши аксҳо ба муносибати бузургдошти 5500-солагии шаҳри бостонии Саразм баргузор гардид.

Дар маросими ифтитоҳи намоишгоҳ Сафири Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов роҷеъ ба таъриху фарҳанги шаҳри бостонии Саразм сухан гуфта, таъкид намуд, ки он шаҳри таърихӣ дар Осиёи Миёна бо мавқеи муҳимми стратегии худ ба сифати минтақаи пайвандгар миёни Амударё ва Сирдарё дар рушди он сарзамин дар ҳазорсолаҳои IV-III то милод нақши калидӣ доштааст. Зимнан роҳбари намояндагии дипломатӣ саҳми арзандаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар мавриди ҳифозат ва нигаҳдошти макон ва осори таърихии Тоҷикистон, махсусан шаҳраки бостонии Саразм ва муаррифии шоистаи он ба ҷаҳониён таъкид намуд.

Мудири шуъбаи Шарқи Осорхонаи давлатии Эрмитаж П.Луре дар рӯнамоии худ роҷеъ ба пайдоиши Панҷекант ҳамчун таҷассумгари шаҳри бостонии Суғди шарқӣ, ёдгориҳои Осиёи Миёна дар асрҳои қадим ва миёна, асри биринҷии Саразм, инчунин марҳилаҳои асосии таърихи Суғд суханронӣ намуд.

Мудири кулли Осорхонаи давлатии Шарқ А.Седов дар бораи пажӯҳишҳои бостоншиносони ҷаҳон ва профессори Донишгоҳи давлатии Москва Ш.Шукуров роҷеъ ба аҳаммияти таърихию фарҳангии Саразм ва Суғд ҳамчун мероси ҷаҳонӣ суханронӣ карданд.

Дар доираи он ҳамоиш намоишгоҳ дар мавзӯи «Аз Саразм то Суғдиён» баргузор шуд, ки дар он аксҳои дар Эрмитажи давлатии Санкт-Петербург ва Осорхонаи миллии Тоҷикистон бардошташудаи Сафарбек Солеҳ дар бораи шаҳраки Саразм ба намоиш гузошта шуданд. Дар он аксҳо бозёфтҳои бостоншиносӣ ва наққошиҳои деворӣ, ки инъикосгари достону ҳамосаҳо, сужетҳои жанрӣ ва халқӣ буда, дертар дар асари безаволи адабиёти тоҷику форс “Шоҳнома”-и Абулқосим Фирдавсӣ бозтоб гардиданд, ба маърази ом гузошта шуданд.

Дар чорабинӣ вакилони Думаи давлатӣ, намояндагони Дастгоҳи Президент ва Вазорати корҳои хориҷии Русия, роҳбарони намояндагиҳои дипломатии муқими Москва, чеҳраҳои маъруфи илму фарҳанг, инчунин намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд.

6566-24-02-2020-1700.jpg

10-in-24-02-2020-1659.jpg

Нигористон

Тақвим