26 феврали 2020 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин Сафири Давлати Фаластин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммад Таршаҳониро ба муносибати ба итмом расидани маъмурияти дипломатияш ба ҳузур пазируфт.
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Фаластинро дар соҳаҳои гуногун мавриди баррасӣ қарор доданд.