27 феврали соли 2020 Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин Раиси Кумитаи иҷроия - Котиби иҷроияи ИДМ Сергей Лебедевро, ки ба ҳайси роҳбари Ҳайати нозирони байналмилалии ИДМ ҷиҳати мушоҳидаи раванди интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Душанбе омадааст, ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот ҷонибҳо ҳолат ва дурнамои ҳамкориҳои гуногунҷанба дар доираи ИДМ-ро баррасӣ карда, таваҷҷуҳи хосса ба татбиқи Нақшаи чорабиниҳои асосии ИДМ доир ба омодагӣ ва таҷлили 75-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ зоҳир намуданд.
Вазири корҳои хориҷӣ ба С.Лебедев барои корҳои анҷомдодаи Ҳайати ИДМ изҳори сипос намуда, таъкид ба омодагии фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти нозирони байналмилалӣ кард.
Мулоқот дар фазои дӯстона баргузор гардид.